гандум — [گندم] навъе аз ғалладона, ки аз орди он нон ва хӯрокҳои дигар мепазанд ва ҳамчун ғизои асосии инсон истеъмол мешавад; гандуми баҳорӣ гандуме, ки дар аввали баҳор кишта мешавад; гандуми тирамоҳӣ гандуме, ки дар тирамоҳ мекоранд ва зимистон дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баҳорӣ — [بهاري] 1. мансуб ба баҳор: борони баҳорӣ, гул(ҳо)и баҳорӣ, абри баҳорӣ, насими баҳорӣ, ҳавои (форами) баҳорӣ 2. зироат ё ғалладонае, ки дар баҳор мекоранд ва тобистон ё тирамоҳи ҳамон сол мепазад: гандуми баҳорӣ, ҷави баҳорӣ; кишти (киштукори)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бирён — [بريان] 1. чизи дар деги хушки тафсон ё дар равғани доғ пухташуда, зирбондашуда; кабобшуда: барраи бирён, гандуми бирён, гӯшти бирён, моҳии бирён, нахӯди бирён 2. тафсон, сӯзон; доғ: дашти бирён, чӯли бирён; бирён кардан а) сурх карда пухтан (дар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
булғур — [بلغور] кит 1. ҳар чизи кӯфта дарҳамомехта 2. ярмаи гандуми нимпухта 3. таоме, ки аз ин ярмаи гандум мепазанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гандумбирён — [گندم بريان] гандуми дар дег бирёнкарда, ки ҳамчун хӯрдании хушк мехӯранд ё аз он талқон тайёр мекунанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гандумкӯча — [گندم کوچه] як навъ таоми мисли шавла, ки аз гандуми кӯфта (бо иловаи лӯбиё, нахӯд ва гоҳе калла поча) пухта мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гандумҷӯш — [گندم جوش] хӯроке, ки аз гандуми нимпаз пухта мешавад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гандумшӯрак — [گندم شورک] гандуми дар об пухтаи шӯрак … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
кӯтоҳпоя — [کوتاه پايه] пояаш кӯтоҳ: гандуми кӯтоҳпоя … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лалмӣ — [للمي] 1. обёринашаванда; аз барфу борон обхӯранда: замини лалмӣ; лалмӣ киштан дар замини лалмӣ кишт кардан 2. ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар замини лалмӣ рӯёнида шудааст: гандуми лалмӣ, тарбузи лалмӣ; шавад обӣ, нашавад лалмӣ (зарб.) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ